- қадар
- I[قدر]а. миқдор, андоза, дараҷа; қадаре як қадар; андак, каме, қадре: қадаре дам гирифтан, қадаре осуда шудан, қадаре ранҷидан, қадаре сӯҳбат кардан, забонаш қадаре мегирифт; ин қадар а) ин миқдор (андоза, дараҷа); б) то ин андоза, то ба ин дараҷа; чунин; зиёд, бисёр; он қадар а) он миқдор; ба он андоза; чандон (зиёд); б) ба дараҷаи хуб, ба таври бояду шояд; на он қадар начандон; ҳамин қадар а) ин миқдор, ин андоза; б) зиёд, бисёр; в) фақат ҳаминро, танҳо инро; ҳар қадар а) ҳар андоза, чӣ қадаре ки; чандон ки; б) ҳарчанд, агарчи, бо вуҷуди он ки; ҳар қадар ки…, ҳамин қадар… пайвандаки ҷуфти тобеъкунандаи миқдору дараҷа ба ин андозае ки, … ба ҳамон андоза…; ҳар чи қадар а) ба чи андозае ки…; б) ҳарчанд ки, агарчи, чандон ки; чӣ қадар а) чӣ миқдор?; б) чӣ андоза, ба кадом дараҷа; в) чӣ тавр, бисёр; хеле; чӣ қадар ки… ҳар қадар ки…, чӣ миқдоре ки…; як қадар а) як миқдор, қадре; б) як андоза, ба андозае; в) камтар, андаке, то андозаеII[قدر]а. кит. сарнавишт, тақдир, қисмат; қазову қадар пешомад ва сарнавишт, тақдир
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.